Январ 19, 2020 09:26 Asia/Dushanbe
  • 640 стипендия аз донишгоҳҳои Русия ва Украина барои донишҷӯёни тоҷик

Русия 620 ва Украина 20 стипендия барои донишҷӯёни тоҷик ихтисос доданд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон эълом кардааст, ки Русия барои соли таҳсилии 2020 ва 2021 тасмим гирифтааст, ки 620 донишҷӯи тоҷикро аз маҳали будҷети давлати федерал бипазирад.

Мақомоти Дафтари Созмони ҳамкориҳои илмии Русия дар Душанбе низ эълом кардаанд, ки рӯзи 21 январ маросими муаррифии донишгоҳҳо ва марокизи илмии русиро, ки иқдом ба пазириши донишҷӯи тоҷик хоҳанд кард, баргузор мекунанд.

Тоҷикистониҳои довталаби таҳсил дар донишгоҳҳои Русия бояд дар озмуни вурудие, ки моҳҳои феврал ва март баргузор мешавад ширкат кунанд.

Аз сӯи дигар давлати Украина низ эълом кардааст, ки барои соли таҳсилии 2020 ва 2021 бо стипендияи ҳукумати ин кишвар 20 донишҷӯи тоҷикро дар давраҳои коршиносӣ ва коршиносии аршад (дипломи олӣ) пазириш хоҳад кард.

Тибқи эъломи Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон теъдоди донишҷӯёни ин кишвар дар Русия ба ҳудуди 24 ҳазор нафар расида, ки болотарин рақам дар солҳои ахир аст.

 

Барчасп