Январ 19, 2020 09:37 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷаримаи ширкат дар фаолияти созмонҳои мамнуаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Бо ислоҳи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ҷаримаи молии шаҳрвандони ин кишвар, сармоягузорони хориҷӣ ва масъулони созмонҳои мамнуаи мазҳабӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Азия-Плюз, бо ислоҳоти ахир, муттаҳамон ба мушорикат дар фаолияти созмонҳои мамнуаи мазҳабӣ 5 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд, ки ин маблағ қаблан 406 сомонӣ буд.

Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон иқомати ғайри муҷоз доранд ва ба фаолиятҳои мазҳабӣ машғул мешаванд ба пардохти 5 ҳазору 800 сомонӣ, масъулони ин созмонҳо ба 29 ҳазор сомонӣ ва худи ин созмонҳо ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум хоҳанд шуд.

Аз сӯи дигар бо таваҷҷуҳ ба афзоиши сармоягузорӣ барои фаолияти созмонҳои ғайримуҷози мазҳабӣ дар Тоҷикистон, шаҳрвандони ин кишвар дар сурате, ки ба чунин иттиҳоме муттаҳам шаванд ба пардохти 5 ҳазору 800 сомонӣ, масъулони ин созмонҳо ба 29 ҳазор сомонӣ ва ашхоси ҳуқуқӣ ба 58 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум мешаванд.

Дар ин қонун тасреҳ шудааст, ки иртиботи созмонҳои мазҳабӣ бо кишварҳо ва ниҳодҳои хориҷӣ 58 ҳазор сомонӣ ҷарима дорад.

Барчасп