Январ 20, 2020 11:37 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи вом барои сохти нерӯгоҳи Роғун

Ҳукумати Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни тасҳили сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ қасд дорад илова бар манобеи молии пешбинишуда дар будҷети 2020 заминаи ҷазби қарзҳои хориҷиро барои такмили нерӯгоҳи Роғун фароҳам кунад.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷикТА, мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегуянд, дар тарҳи будҷети соли 2020 давлати ин кишвар чаҳор миллиарду 100 миллион сомонӣ (баробар бо 410 миллион доллар) барои бахши энержӣ ихтисос хоҳад дод, ки аз ин маблағ ду миллиарду 100 миллион сомонӣ (баробар бо 216 миллиону 600 ҳазор доллар) барои сохти нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун ҳазина хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки бо ислоҳи қонуни тасҳили сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ дар тарҳҳои муҳим, зминаи дарёфти қарз аз хориҷ барои такмили сохти нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун фароҳам шавад, зеро манобеи ихтисос ёфта дар будҷети имсоли ҳукумати Тоҷикистон барои суръат бахшидан дар сохти ин нерӯгоҳ кифоят намекунад.

Турбини нахусти нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.

Турбини дуввуми ин нерӯгоҳ 9 сентябри соли 2019 дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон тавлиди барқро оғоз кард. Нерӯгоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол бузургтарин тарҳи обӣ барқии минтақааст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш турбини нерӯгоҳи обӣ барқии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз воридоти барқ аз хориҷ бениёз мешавад, балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.

Барчасп