Радаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар бисту ҳафтумин солгарди таъсис
Ба муносибати бисту ҳафтумин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо ширкати беш аз 7 ҳазор сарбоз ва афсари Вазорати дифои ин кишвар радаи низомӣ баргузор мешавад.
Ба нақл аз Қатра, ин радаи низомӣ дар маҳалли горди миллии Тоҷикистон ва бо ширкати беш аз 7 ҳазор сарбоз ва афсари Вазорати дифоъ ва дигар ниҳодҳои низомии ин кишвар радаи низомӣ баргузор мешавад.
Ҳамчунин ба муносибати бисту ҳафтумин солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳрҳои ин кишвар ҷашне барпо мешавад.
23 феврал дар Тоҷикистон аз соли 1993 ба унвони Рӯзи таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Дар ҳоли ҳозир артиши Тоҷикистон шомили нерӯҳои ҳавоӣ, падофанди ҳавоӣ, нерӯҳои заминӣ аст.
Тибқи барномаи давлат ва ниҳоди низомии Тоҷикистон, як радаи бузурги низомӣ бо мушорикати тамоми нерӯҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратии ин кишвар дар сентябри соли 2021 ҳамзамон бо сиюмин солгарди истиқлоли ин кишвар баргузор хоҳад шуд.