Январ 23, 2020 11:19 Asia/Dushanbe
  • Марги дилхароши як муҳоҷири тоҷик дар Русия

Як муҳоҷири кории тоҷик бар асари афтодан аз табақаи ҳабдаҳуми як бинои дар дасти сохт дар шаҳри Санктпетербурги Русия бо марги дилхароше даргузашт.

Ин хабарро сомонаи русии Маяк 78 , расонаӣ карда навиштааст , ҳодиса рӯзи 21 январ рух дода ва пулис дар ин замина таҳқиқоти худро оғоз кардааст.

Гуфта мешавад муҳоҷири даргузаштаи тоҷикистоние ,ки ному насабаш ифшо нашудааст, 24 сола аст.

Ҳамин манбаъ зикр карда ,ки ин фард иҷозатномаи иқомат дар шаҳри Санктпетербургро надошт.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳануз дар бораи марги ин муҳоҷири кории тоҷик тавзеҳе надодаанд.

Ҳама сола ҳудуди як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои анҷоми кори мавсими роҳии Русия мешаванд ,ки бар асоси оморҳои мухтлиф аз 600 то 1000 нафар аз онҳо бар асари ҳодисаҳои гуногун мемиранд.