Баррасии робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳинд дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i50242-Баррасии_робитаҳои_тиҷорӣ_ва_иқтисодии_Тоҷикистон_ва_Ҳинд_дар_Душанбе
Раиси утоқи санойеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва сафири Ҳинд дар Душанбе бо якдигар дидор карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 23, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Баррасии робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳинд дар Душанбе

Раиси утоқи санойеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва сафири Ҳинд дар Душанбе бо якдигар дидор карданд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи санойеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Вироҷ Синг сафири Ҳинд дар ин кишвар мулоқот карданд.

Дар ин нишаст Ҳагил Капур  дабири дуввуми сафорати Ҳинд дар умури иқтисод ва тиҷорат ҳузур дошт.

Дар ин мулоқот Ҷумъахонзода гуфт ; барои афзоиши содироти коло ва маҳсулоти тоҷикӣ ба Ҳинд корҳои зиёде анҷом мешавад ва бо таваҷуҳ ба афзоиши тақозо барои колоҳои тоҷикӣ ба вижа маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ дар ин замина тақвият мешавад.

Ҳамзамон таъкид шуд ,ки ширкати Туҷор тоҷик дар намоишгоҳҳое ,ки дар қаламрави Ҳинд баргузор мешаванд фурсатҳои бузургеро барои содироти коло ва маҳсулоти тоҷикӣ ба бозори ин кишвар , ҷустуҷуи шарикони нав ва  густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ фароҳам мекунад.

Дар ин мулоқот ҳамчунин масоили муҳим марбут ба тавсиъаи ҳамкориҳои тиҷорӣ , иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни 2 кишвар баррасӣ шуд.