Январ 23, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон тамоми парвозҳо ба Чинро лағв кард

Ширкати «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон парвозҳои худ дар масири Душанбе – Урумчиро то 2 феврал лағв кард.

Ба гузориши Форс, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон тамоми парвозҳо дар масири Душанбе – Урумчиро то таърихи 2 феврали соли ҷорӣ лағв кард.

Дар ин маврид Тимур Бандишоев, сухангӯи ширкати мазкур дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ хабар дод, ва аммо далели лағви парвоз дар масири Чинро мушаххас накард.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе низ дар мавриди лағви парвозҳо дар масири Урумчи, ки ҳар ҳафта тавассути ширкати «South China Airlines» анҷом мешуд, то моҳи феврал хабар дод.

Бинобар иттилои маркази матбуотии фурудгоҳи Душанбе, феълан равшан нест, ки парвозҳо миёни ду кишвар дар иртибот бо коронавирус ва ё таҷлил аз Соли нав чинӣ, ки 25 январ аст, лағв шудаанд.

Бо ин ҳол бояд гуфт, ки парвози Урумчи дар масири Тоҷикистон, ки бояд 24 январ анҷом мешуд, низ лағв шудааст.

Қабл аз ин вазорати беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон дар пайи густариши коронавирус  дар Чин дар номаҳои ҷудогона ба вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарӣ хостори маҳдудияти сафари шаҳрвандон ва гардишгарони чинӣ ба ин кишвар шуда буд.

Илова бар ин гузориш шуда буд, ки тадобири амниятии зидди вирусӣ дар пастҳои марзӣ бо Чин ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ ташдид ёфтааст.

Теъдоди қурбониёни коронавирус дар Чин то 17 нафар расидааст. Теъдоди афроди мубтало ба ин вирус болиғ бар 500 нафар шуда ва мавориди гирифторӣ ба ин вируси ҷадид дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд ва Амрико ошкор шудааст.

 

Барчасп