Январ 25, 2020 11:19 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии Тоҷикистон ва Беларусия барои тақвияти бештари робитаҳои дуҷониба

Маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз дидори сафири ин кишвар дар Минск , бо муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Беларусия хабар дод.

Ба нақл аз Форс , Муҳаммадшариф Ҳақдод , сафири Тоҷикистон дар Беларусия ва Андрей Эйдочинко муовини аввали Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугу карданд. Дар ин мулоқот масоили марбут ба тақвияти робитаҳои дуҷониба , аз ҷумла дар заминаи иқтисодӣ , тиҷорӣ , санъатӣ, кишоварзӣ, илмӣ ва омӯзишӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин таомулоти байни минтақаӣ баррасӣ шуд. Тарафҳо бо ибрози ризоят аз натиҷаҳои мусбати таомулоти дуҷонибаи ду кишвар дар заминаҳои мухталиф дар соли гузаштаи милодӣ, мутобиқ бо тавофуқоти раисони ҷумҳурии ду кишвар, барномаи иқдомот барои соли 2020 и милодӣ аз ҷумла баргузории ҷаласаи Камисиюни байни давлатӣ ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Беларусияро баррасӣ карданд.