Январ 25, 2020 11:38 Asia/Dushanbe
  • 4 миллиарду 500 миллион доллар арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019

Арзиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 ҳудуди 4 миллиарду 500 миллион доллар буд ,ки дар муқоиса бо соли гузашта 300 миллион доллар бештар аст.

Ба нақл аз Форс , тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 милодӣ дар муқоиса бо соли пеш 7 дар сад афзоиш доштааст. Ҳамчунин соли гузашта арзиши содироти маҳсулоти тавлидшуда дар Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду175 миллион доллар буда ,ки 101 миллион доллар бештар аз соли 2018 и милодӣ аст. Дар соли 2019 , Тоҷикистон 39 дар сад маҳсулоти маъданӣ , 19 дар сад фелезоти поя ва маҳсулоти фелезӣ ва 17 дар сад маводи насоҷӣ содир кардааст. Воридоти коло дар ин муддат низ ҳудуди 3 миллиард доллар баровард шуда ,ки дар муқоиса бо соли 2018 и милодӣ 200 миллион доллар афзоиш доштааст. Тоҷикистон дар соли 2019 бо 105 кишвар робитаҳои тиҷорӣ доштааст.

Русия аслитарин шарики тиҷории Тоҷикистон дар соли 2019 буда ва тиҷорати мутақобили ин ду кишвар беш аз як миллиард доллар будааст.