Январ 31, 2020 19:25 Asia/Dushanbe
  • Мамнуияти убури комюнҳои Тоҷикистон аз тариқи хоки Туркманистон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз идомаи мамнуияти транзити комюнҳои ин кишвар аз тариқи хоки Туркманистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Худоёр Худоёрзода имрӯз дар нишасти хабарӣ бо баёни ин ки мушкили ҳаракати комюнҳои ин кишвар аз хоки Туркманистон то кунун ҳал нашудааст, афзуд, ҳамтоёни туркман аз иллати чунин рафторе ибрози беиттилоӣ мекунанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ҷодаҳои Туркманистон на танҳо барои ширкатҳои тоҷикӣ, балки барои соири ширкатҳои ҳомили колои кишварҳои мухталиф, ки ба Тоҷикистон маҳсулот ҳамл мекунанд, баста аст.

Вай гуфт: “Мо роҳҳои ҷойгузин барои вуруд ба Ғарби Осиё бо давр задани Туркманистон аз тариқи Узбакистон, Қазоқистон, дарёи Хазар, ҷумҳурии Озарбойҷон ва сипас ба самти Эрон ва Туркияро пайдо кардаем”.

Туркманистон аз феврали соли гузашта бо маҳдуд кардани вуруди комюнҳои тоҷикӣ, барои онҳо мушкилотеро эҷод кардааст ва ба эътиқоди коршиносон ин мушкил ба иллати ихтилофоти байни ду кишвар бар сари дигар масоил, аз ҷумла хатти оҳани Туркманистон - Тоҷикистон ба Афғонистон аст, ки Душанбе аз ин хатти оҳан ба далоили мухталиф хориҷ шуд.

 

Барчасп