Иҷозатномаи ҳиҷоби исломӣ барои кормандони зани Тавҳидбонки Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба кормандони зани нахустин бонки исломии ин кишвар мавсум ба Тавҳидбонк иҷоза додаанд, ки бо ҳиҷоб дар маҳалли кор ҳозир шаванд.
Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, мақомоти ин бонк таъид кардаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба кормандони зани ин бонк иҷозатномаи пушидани ҳиҷобро эъто кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон, кормандони зани дигар бонкҳои ин кишвар бояд либоси ҳамшакл дошта бошанд, ки рӯймол шомили ин пӯшиш нест.
Ба гуфтаи масъулони Тавҳидбонк 80 дарсади кормандони ин ниҳоди молӣ зан ҳастанд.
Нахустин бонки исломӣ дар ин кишвар мавсум ба Тавҳидбонк моҳи сентябри соли 2019 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаолият дарёфт намуд.
Мақомоти иқтисодии Тоҷикистон муътақиданд, ки оғози фаолияти Тавҳидбонк заминаи ҷазби сармояи хориҷӣ ба вижа аз кишварҳои исломӣ ва ифтитоҳи бонкҳои навро, ки бар асоси шариати ислом кор мекунанд фароҳам месозад.