Барканорӣ ва ҷазои 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Дар пайи баргузории ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 6 комиссари ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз симатҳояшон озод карда шуда ва 28 корманди ин ниҳод муҷозот шуданд.
Ба нақл аз Спутник, Азим Иброҳим муовини сарвазири Тоҷикистон дар ин нишаст иҷро гардидани барномаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро дар тирамоҳи соли 2019 номатлуб арзёбӣ кардааст.
Бар ин асос 6 комиссари ҳарбии Суғду Хатлону ВМКБ аз симатҳояшон барканор ва 28 корманди ин ниҳод дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон ба иттиҳом монанди он муҷозот шудаанд.
Коршиносон даъвати иҷбории тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва боздошт ва интиқоли онон аз кӯча ва хиёбонҳо ба идораҳои ҳарбиро яке аз мушкилоти асосӣ дар эъзоми ин ашхос ба сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон унвон мекунанд.
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар мавориде ҳатто ашхоси мубтало ба бемориҳои сахт низ ба иҷбор ба воҳидҳои низомӣ эъзом шудаанд, ки дар натиҷа бемории онон ташдид шудааст.
Аз дидгоҳи таҳлилгарон набуди шароити мусоиди маишатӣ, вуҷуди хушунат ва бадрафторӣ бо сарбозони тозаворид дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҷумла асоситарин мушкилоти ҷазби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аст, ки муҷиб мешавад, ки ҳамасола теъдоди қобили мулоҳизае аз ҷавонони воҷиди шароити хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ ба Русия барои кор бираванд.