Феврал 06, 2020 12:02 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳқиқоти Додситонии Тоҷикистон аз рӯзноманигори тоҷик

Масули Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашн ва марсими Тоҷикистон гуфт ; ҳануз таҳқиқоти ин ниҳод аз далер Шарипов рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик тамом нашудааст.

Ба нақл аз Осиё плюс , Абдураҳмон Мавлонов ин матлабро дар нишасти хабарии мақомоти ин кумита дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Мудири идораи таҳқиқ ва таҳлили Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашн ва маросими Тоҷикистон гуфт ; дар ахбори мунташиршуда дар  расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи рисолае ба шуморагони 100 нусха бар асоси тафакуроти гурӯҳи мамнуъаи Ихвонумуслимин матраҳ шуда ,ки нависандаи он  Далер Шарипов аст.

Абдураҳмон Мавлонов афзуд ; бояд ҳудуди 113 мақолаи ин  рӯзноманигор низ ,ки дар солҳои 2013 то 2019 мунташир шудааст аз нигоҳи муҳтавоӣ баррасӣ шавад.

Ин дар ҳоле аст,ки чанд рӯз пеш Дафтари матбуотии Додситони кули Тоҷикистон эълом кард ,ки Далер Шарипови 32 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо муҳтавои ифротигариро ,ки муҷиби барангехтани душмании миллӣ ва нажодӣ ва мазҳабӣ мешавад мунташир кардааст.

Ин баёния таъкид мекунад ; дар соли 2019 Далер Шарипов ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае ба шуморагони 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнуъаи Ихвонумуслимин тадвин кард.

Вакилони Далер Шарипов ҳам эълом карданд ,ки додгоҳ бо дархости онон барои тағйири шароити боздошт ба озодии машрут мухолифат кардааст.

Ин дар ҳоле аст,ки Ҳерлим Дизир намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо ирсоли номае ба мақомоти Тоҷикистон хостори озодии фаврии Далер Шарипов шудааст.