Феврал 07, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Исфара

Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар музокироти дурӯза дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ду кишварро баррасӣ мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории русии “Интерфакс”, ин музокирот ба сарпарастии Азим Иброҳим ва Женеш Раззоқов, муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуда ва идома дорад.

Азим Иброҳим, сарпарасти ҳайати тоҷикистонӣ таъкид кардааст, ки дар бораи натоиҷи ин нишастҳо танҳо пас аз поёни музокирот тавзеҳ хоҳад дод.

Ин дар ҳоле аст, ки дар музокироти қаблии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳи январ бар сари аломатгузории 114 километр аз марзи муштараки 976 километрӣ миёни ду кишвар тавофуқ шуда буд.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Аммо ташдиди ихтилофот дар манотиқи марзи муштараки ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд мӯҷиб шудааст, ки ахиран тарафҳо дар бораи муовизаи замин ва вогузории мутақобили чанд русто ба тавофуқ бирасанд.

 

 

 

 

Барчасп