Тарҳи коҳиши даврони хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ба якуним сол
(last modified Fri, 07 Feb 2020 17:06:20 GMT )
Феврал 07, 2020 22:06 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи коҳиши даврони хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ба якуним сол

Вазири адлияи Тоҷикистон аз ироаи тарҳи коҳиши давраи хидмати сарбозӣ дар ин кишвар аз 2 сол ба як солу шаш моҳ хабар дод.

Ба гузориши “Азия плюс”, Фаридун Музаффар Ашӯриён дар нишасти хабарии масъулони ин вазорат дар шаҳри Душанбе гуфт, ин тарҳ пас аз мувофқати Вазорати дифоъ барои баррасӣ ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шудааст ва тасмими ниҳоиро давлат ва парлумони ин ҷумҳурӣ мегиранд.

 Вай афзуд, ибтидо пешниҳод шуда буд, ки давраи хидмати сарбозӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ду соли феълӣ ба як сол коҳиш ёбад, аммо бархе аз ниҳодҳои марбута бо ин тарҳ мухолифат карданд.

Аз дидгоҳи коршиносон, ба далели вуҷуди нобасомониҳои зиёд, аз ҷумла авзои ногувори маишатӣ ва ахлоқӣ дар артиши Тоҷикистон, ки муҷиби фирори ҷавонони воҷид шароити хидмати сарбозӣ аз нерӯҳои мусаллаҳ мешавад, ислоҳот дар қонуни хидмат дар артиши ин кишвар илзомӣ аст.

Аз сӯйи дигар, ҳамасола дар Тоҷикистон дар раванди ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмати сарбозӣ афрод маълул ва бемор низ ба артиш ҷазб мешаванд, ки мушкилотеро барои онон фароҳам мекунад.

Аз нигоҳи коршиносон, яке аз далоили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ва рафтани онон ба Русия барои кор, вуҷуди мавориди зиёди латукӯби сарбозони тозаворид аз сӯи ҳамқаторони онон аст, ки дар солҳои ахир дар мавориде ба қатл ва маълулияти ин афрод анҷомидааст.