Феврал 08, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Туркия ва Лаҳистон

Мудири Ожонси муҳоҷирати кории Вазорати кори Тоҷикистон гуфт ; ин кишвар қасд дорад теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои Лаҳистон ва Туркияро афзоиш диҳад.

Ба нақл аз Форс, Ҷумахон Раҷабов , мудири Ожонси муҳоҷирати кории Вазорати кор , муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз азми ин кишвар барои афзоиши теъдоди муҳоҷирони корӣ дар теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ хабар дод.

Ӯ гуфт ; тавофуқномаҳои муртабит бо бархе кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи арабӣ , Лаҳистон ва Қазоқистон имзо шудааст.

Вай гуфт ; бо вуҷуди ин бояд дар назар дошт,ки муҳоҷири кори фақат баъд аз дарёфти раводид метавонад  вориди Лаҳистон ё Иморот шавад, гарчи ин кишварҳо ба нерӯи корӣ ниёз доранд.

Раҷабов ҳамчунин гуфт ; соли гузашта 350 коргари муҳоҷир ба Туркия эъзом шуданд ва қарор аст имсол ин теъдод ба 1500 нафар бирасад.

Ӯ афзуд ; муҳоҷирони кории тоҷик дар марказҳои хадамотӣ аз  ҷумла ҳутелҳои Туркия кор хоҳанд кард.

Барчасп