Назорати Кумитаи иҷроии Ҳамсуд бар интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз 10 феврал
Феврал 08, 2020 15:51 Asia/Dushanbe
Ба даъвати Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз 10 феврал нозирони Кумитаи иҷроии Ҳамсуд фаъолияти худ дар ин кишварро оғоз мекунанд.
Ба нақл аз Форс, фаъолияти нозирони ин Созмон то 3 уми моҳи Март идома дорад.
Фаъолияти нозирони Кумитаи Ҳамсуд ба таври мустақим дар минтақае аст,ки имкони тамоси доимӣ бо Камисиюнҳои интихоботи маҳалӣ ва ҳузури расонаҳо нест.
Назорат бар дидорҳои мустақими номзадҳои Маҷлиси намояндагон , раёсати аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони расмии Ниҳодҳои давлатӣ аз муҳимтарин иқдомҳои намояндагони Кумитаи кишварҳои Ҳамсуд дар интихоботи Тоҷикистон аст.
Интихоботи Тоҷикистон аввали моҳи март баргузор мешавад.