Дидори вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо мақомоти Малайзия дар Куалалампур
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои малайзияиаш ва низ муовини нахуствазири ин кишвар дар Куалалампур дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
Ба нақл аз Форс, Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо Сайфиддин Абдуллоҳ вазири умури хориҷаи Малайзия вазъияти феълӣ ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Малайзияро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, энержӣ, гардишгарӣ, кишоварзӣ, саноатӣ, иртиботи ҳавоӣ, фарҳангӣ, муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ карданд.
Ду тараф ҳамчунин таъсири тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули сафарҳоро дар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ ва бар зарурати идомаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар барои густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо Ван Азиза Ван Исмоил муовини нахуствазири Малайзия дидор ва гуфтугӯ кард.
Муҳриддин дар ин дидор паёми раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро ба подшоҳи Малайзия ва ҳамчунин даъватномаи нахуствазири ин кишварро ба нахуствазири Малайзия барои ширкат дар Канфронси дуввуми даҳсолаи байналмиллалии "Об барои рушди пойдор 2018-2028" тақдим кард.
Ин конфронс 18 то 20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Тарафайн ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки бо талошҳои муштарак равобити дуҷонибаро иртиқо диҳанд.