Донишҷӯёни узбакистонии Тоҷикистон ба ватанашон бозмегарданд
(last modified Mon, 10 Feb 2020 05:32:24 GMT )
Феврал 10, 2020 10:32 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯёни узбакистонии Тоҷикистон ба ватанашон бозмегарданд

Ҳудуди 2,5 ҳазор донишҷӯёни ӯзбакистонӣ, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таҳсил мекарданд, рухсат гирифта, ба кишвари худ бозгаштаанд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, манобеи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон бо таъиди ин хабар гуфтаанд, ки  даст кашидани онҳо аз таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва рӯ оварданашон ба донишгоҳҳои ватани худ дар пайи даъвати  Шавкат Мирзиёев  раиси ҷуҳмури Узбакистон сурат мегирад ва ин ашхос дар ватани хеш ба таҳсил идома хоҳанд дод.

Мудирияти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон  теъдоди донишҷӯёни узбакистонӣ дар ин маркази омӯзиширо 4 ҳазор нафар эълом кардааст, ки дар ҳоли дарёфти мадракҳои хеш барои бозгашт ба кишварашон ҳастанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ низ 600 донишҷӯи узбакистонӣ дар ҳоли тасвияи ҳисоб барои рафтан ба кишвари худ ҳастанд.

Дар пайи дастури Шавкат Мирзиёев  раиси ҷуҳмури Узбакистон барои бозгардондани донишҷӯёни узбак аз чаҳор кишвари Осиё Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Узбакистон эълом кардааст, ки ин ашхос бидуни озмун дар риштаҳои мушобеҳ дар донишгоҳҳои ин кишвар пазириш хоҳанд шуд.

Далели тасмими мақомоти давлати Узбакистон барои бозгардондани донишҷӯёни узбак аз марказҳои омӯзишии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ мушаххас нест.

Қазоқистон ва Қирғизистон то кунун донишҷӯёни узбакистониро мураххас накардаанд.

Таҳсили донишҷӯёни узбакистонӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистон ва Қирғизистон пулӣ аст ва тарки таҳсили онон хасорати фаровоне ба ин донишгоҳҳо ворид мекунад.

 

Барчасп