Феврал 10, 2020 10:55 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз гурези соҳибкорон, мушкилоти бонкӣ ва ришвахорӣ

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз вуҷуди мавориди густардаи гурези фаолони бахши хусусӣ, нотавонии бонкҳо дар бозпардохти супурдаҳои муштариён, вазъияти ногувори коргарони муҳоҷири тоҷик дар хориҷ ва фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар кишвараш ибрози нигаронӣ кардааст.

Ба нақл аз сомонаи нашрияи парлумонии Садои мардум, Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар нишасти ахири Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки фаолони бахши хусусии ин кишвар аз ватани худ фирор мекунанд ва тарҷеҳ медиҳанд сармояи худро барои рушди дигар кишварҳо ҳазина кунанд, дар ҳоле, ки бештари кишварҳо бо ҳимоят аз бахши хусусӣ ба пешрафт расидаанд.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ишора ба ин ки ҳамасола коргарони муҳоҷири тоҷик аз хориҷ ба кишварашон 3 миллиард доллар даромад ирсол мекунанд афзуд, бо ин вуҷуд дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи онон бетаваҷҷуҳиҳое вуҷуд дорад, ки ғайри қобили тавҷеҳ аст.

Убайдуллоев мушкили ҷиддии дигари Тоҷикистонро нотавонии бонкҳо дар бозпардохти супурдаҳои муштариёнашон донист, ки муҷиби коҳиши эътимоди мардум ба низоми бонкӣ шудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба ҷойгоҳи саду панҷоҳу севвуми ин кишвар дар радабандии ҷаҳонии фасод ва ришвахорӣ бар решакан кардани ин падидаи номатлуб таъкид кард.

Вай афзуд, маҳкум шудани 607 нафар ба зиндон ба ҷурми ришвахорие, ки 153 нафари онон кормандони идораҳои ҳукуматӣ ҳастанд, ғайри қобили пазириш аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Юсуф Раҳмон Додситони кулли Тоҷикистон дастур додааст, ки барои решакан кардани ришвахорӣ дар ин кишвар барномарезӣ кунад.

 

Барчасп