Феврал 10, 2020 12:20 Asia/Dushanbe
  • Русия ҳамчунон муҳимтарин мақсади сафари коргарони муҳоҷири тоҷик

Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон ва коршиноси умури муҳоҷират муътақид аст, ки то 10-15 соли оянда Русия ҳамчунон кишвари пазирои коргарони муҳоҷири тоҷик хоҳад буд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Раҳмон Олмасов бо ишора ба таъкиди мудири Ожонси муҳоҷирати кории Вазорати кори Тоҷикистон мабнӣ бар афзоиши эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик ба Полша, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон гуфт, ҳеҷ як аз ин кишварҳо ба андозаи Русия барои пазириши коргарони муҳоҷири тоҷик зарфият надорад.

Вай афзуд, тоҷикҳо ҳамакнун бидуни виза ба Русия сафар мекунанд вале Полша ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бидуни виза ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозатномаи вуруд намедиҳанд.

Ба гуфтаи Олмасов, Полша ва Туркия ба ашхоси мутахассис, муҳандис ва коргарони таҳсилоти фанӣ ва ҳирфаӣ ниёз доранд, ки дар дохили Тоҷикистон камбуди ин ашхос эҳсос мешавад.

Устоди донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон гуфт, агар қаблан бештари коргарони муҳоҷири тоҷик, сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон буданд, акнун аксарияти ин ашхос аз аҳолии минтақаҳои рустоӣ ҳастанд, ки дар Русия дорои ҳирфа ва тахассус мешаванд.

Олмасов таъкид кард, бино барин бо ҳузури наздик ба 2 миллион тоҷик дар Русия мешавад тахмин зад, ки шумори ночизе аз ин ашхосро метавон ба кишварҳои дигар ба унвони коргар эъзом кард ва Маскав ҳамчунон асоситарин мақсади сафари коргарони муҳоҷири тоҷик боқӣ хоҳанд монд.

Барчасп