Феврал 10, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Назорати байналмилалӣ дар замони баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон

Ҳудуди 100 нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистонро назорат мекунанд.

Ба гузориши сомонаи хабаргузории Ховар, Агибай Смагулов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ гуфт, дар муддати баргузории интихобот ва замони таблиғоти довталабон бо намояндагони бархе аз вазоратхонаҳо ва идороти ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва аз ҳавзаҳои интихоботӣ ва марокизи раъйгирӣ боздид мешавад. Ӯ афзуд, ҳамчунин бар маконҳои раъйгирӣ низ назорат хоҳад шуд.

Агибай Смагулов, изҳори умедворӣ кард, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар фазои мусолиматомез мутобиқ бо қонун ва асноди байналмилалӣ баргузор ва боиси пешрафти бештари Тоҷикистон бишавад.

Агибай Смагулов, дипломат ва мутахассиси байналмилалӣ ва мусаллат ба забони тоҷикӣ аст, ӯ ҳамчунин пеш аз ин дар кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ҳам фаъолияти сиёсӣ доштааст.