Талоши давлати Тоҷикистон барои истирдоди Муҳиддин Кабирӣ
Вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт, ҳазору 661 нафар аз атбои ин кишвар таҳти таъқиби Полиси байналмилал қарор доранд, ки яке аз онҳо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ аст, ки музокирот бо Интерпол барои истирдоди вай идома дорад.
Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон аз музокироти ин кишвар бо Интерпол барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: "Додситонии кулли Тоҷикистон барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ бо тамомии кишварҳои узви Полиси байналмилал дар ҳоли музокира аст".
Раҳимзода ҳамчунин гуфт, ҳазору 661 нафар аз атбои ин кишвар таҳти таъқиби Полиси байналмилал қарор доранд, ки аз ин теъдод Муҳиддин Кабирӣ ва 1400 тани дигар ба даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам ҳастанд.
Вазири дохилаи Тоҷикистон гуфт: "Теъдоде аз шаҳрвандони ин кишвар ба иттиҳоми фаъолиятҳои террористӣ дар қаламрави Русия, Олмон, Украина, Белорус ва Лаҳистон ба дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудаанд ва таҳияи асноду мадорик барои истирдоди онон ба Тоҷикистон идома дорад".
Дар ҳамин ҳол намояндаи Тоҷикистон дар Полиси байналмилал гуфтааст, ки дар шаш моҳи нахусти имсол 343 шаҳрванди ин кишвар барои ҷустуҷӯ ба ин ниҳод муаррифӣ шудаанд, ки иттиҳоми 275 тан аз онон терроризм ва ифротгароӣ аст.