Феврал 12, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • 18 соат муаттал мондани дипломатҳои чинӣ дар Фурудгоҳи Байналмилалии Тоҷикистон

Дипломатҳои чинӣ дар Фурудгоҳи Байналмилалии Тоҷикистон 18 соат муаттал монданд.

Ба гузориши ИРНА, бархе манобеи хабарӣ гузориш доданд, гурӯҳе аз дипломатҳои чинӣ пас аз он ки ҳозир ба тайи мароҳили қарантина барои пешгирӣ аз интишори вируси Корона нашуданд, ҳудуди 18 соат дар Фурудгоҳи Байналмилалии шаҳри Душанбе мунтазир монданд.

Тибқи ин гузориш, ин масъала замоне хотима ёфт, ки Вазорати умури хориҷа ва сафорати Чин дар шаҳри Душанбе мудохила карданд.

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон дар ҳафтаҳои ахир тадобири беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси Коронаро сахттар кардаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон муқаррар сохта, ки ҳар касе аз Чин вориди Тоҷикистон шавад, бояд 14 рӯз дар қарантина бошад. Дар саросари ин кишвар марокизи қарантина вуҷуд дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 400 нафар дар онҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин маҳалли хосеро дар наздикии шаҳри Душанбе барои қарантинаи дипломатҳои хориҷӣ дар назар гирифтанд.