Феврал 13, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти марзӣ ва терорризм ду мушкили аслии устони Суғд

Раиси идораи пулиси устони Суғд ихтилофҳои марзӣ бо Қирғизистонро ду мушкили аслии ин минтақа донист.

Ба нақл аз Спутник, Генерал Абдуллоҳ Навҷавонов ,ки ба тозагӣ ба симати раиси пулиси устони Суғд мансуб шудааст дар нахустин нишасти хабарӣ вуҷуди ихтилофҳои марзӣ бо Қирғизистон ва гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои терорристиро ду мушкили асосии ин минтақа эълом кард.

Вай гуфт ; дар соли 2019 дар даргириҳои марзӣ миёни сокинони устонҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 16 парвандаи қазоӣ ташкил шуд ва 27 табаъаи қирғиз ҳам таҳти пайгарди қазоии Тоҷикистон қарор доранд.

Генерал Абдуллоҳ Навҷавонов афзуд ; ҳамчунин дар паи даргирии моҳи декабри соли гузашта дар ин минтақа зидди 6 табаъаи Қирғизистон эъломи ҷурм шуда ва онон низ таҳти пайгарди қазоӣ ҳастанд.

Раиси пулиси устони Суғд гуфт ; дар соли 2019 дар шимоли Тоҷикистон 440 фирқа ҷурм муртабит ба фаъолияти аъзои гурӯҳҳои терорристӣ ва ифротӣ кашф шуд ва 52 нафар аз аъзои ин гурӯҳҳо низ боздошт шуданд.

Вай гуфт ; дар соли гузашта бо ҳамоҳангии волидон ва наздикони аъзои гурӯҳҳои терорристӣ ва ифротӣ, 170 нафар ҳам довталабона аз узвият дар ин гурӯҳҳо инсироф доданд ва ба Тоҷикистон бозгаштанд.