Феврал 13, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ, ва коҳиши пардохти молиёт дар Тоҷикистон

Раиси кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон эълом кард, фаъолияти ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ дар соли 2019 муҷиби коҳиши пардохти молиёт дар ин Ҷумҳурӣ шуд.

Ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, Насруллоҳ Давлатзода дар нишасти хабарии масулони Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт ; дар соли гузашта ,516 миллион сомонӣ ( муодили 53 миллион доллар ) камтар аз мизони пешбинишуда ба хазонаи давлат молиёт  вориз шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон гуфт ; мизони молиёти пардохтшуда дар соли гузашта 423 миллион сомонӣ будааст.

Вай афзуд ; дар Тоҷикистон ба иллати фароҳам шудани имконоти дастрасии шаҳрвандон ба фановарӣ гуфтугуҳои савтии Интернетӣ ва истифода аз шабакаҳои иҷтимоии арзонқимат,теъдоди истифодакунандагон аз телефон бисёр коҳиш ёфта ва ин боиси кам шудани мизони молиёти пардохтӣ шудааст.

Нусратуллоҳ Давлатзода гуфт дар солҳои ахир даромади ҳукумати Тоҷикистон афзоиш дошта ,аммо мизони молиёти пардохт шуда аз суи шаҳрвандони тоҷик киҳиш доштааст.