Тағйироти кадрӣ дар муовинати нахуствазирӣ ва додситонии Тоҷикистон
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фармонҳое, чандин тағйири кадрӣ дар ҳукумати ин кишвар анҷом дод ва бо масъулони тозамансубшуда низ дидор кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асоси фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ду муовини нахуствазир, се муовини додситони кулли Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист, муовинони вазири кишоварзӣ, муовинони раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузорӣ, додситони шаҳри Душанбе ва теъдоде аз додситонҳои чанд навоҳии ин кишвар аз симатҳояшон барканор ва афроди дигаре ҷойгузини онон шудаанд.
Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода ва Ширин Исматуллоҳзода, ду муовини ҷадиди нахуствазири Тоҷикистон мебошанд, ки бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ин симат мансуб шудаанд.
Ҳамчунин Абдулғаффор Ҳикматуллоҳзода, Дилшод Талбакзода ва Абдураҳим Раҳимзода ба унвони муовинони ҷадиди додситони кулли Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз хоҳанд кард.
Бар асоси фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон, додситонҳои шаҳри Душанбе ва Бӯстон, навоҳии Ҳисор, Турсунзода, Ҷаббор Расулов, Айнӣ, Ёвон, Қубодиён ва Муъминобод аз симатҳояшон барканор ва афроди дигаре ба ин мақом мансуб шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни дидор бо масъулони тозамансубшуда дар ин идорот аз онон хост, ба вазоифе, ки бар дӯши онҳо гузошта шуда, содиқона амал кунанд ва барои онҳо тавфиқ дар хидмати давлатӣ орзӯ кард.