Феврал 15, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Сохти 3 тармагир дар роҳи Душанбе - Хуҷанд то поёни сол

Мудири ширкати бозсозии роҳи Душанбе Хуҷанд гуфт; то поёни сол 3 тармагири нав дар ин масир сохта мешавад.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, Зафар Шарифзода гуфт; дарозии ин 3 тармагир 374 метр хоҳад буд ,ки бо кумаки 5 миллион долларии беивази Покистон сохта мешавад.

Вай бо ишора ба вуҷуди минтақаҳои хатарноки суқути тарма дар ин масир бар зарурати сохти 55 тармагир таъкид кардааст ,ки 5 моҳ дар сол амнияти мусофирон ва худравҳо дар ин масирро таҳдид мекунад.

Дарозии ин теъдод тармагир дар ин масири кӯҳистонӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон 6 ҳазору 600 метр аст ,ки ниёз ба будҷа дорад.

Ӯ гуфт ; ширкати чинии сохти тармагирҳои нав дар роҳи Душанбе - Хуҷандро бар уҳда гирифта ва то кунун 24 тармагир сохтааст.

Коршиносон мегуянд,ки масири кӯҳистонии Душанбе - Хуҷанд дар иртиқои 900 то 2 ҳазору 700 метрӣ сохта шуда дар ин ҷода саду бист гузаргоҳи хатарноки суқути тарма вуҷуд дорад.