Феврал 15, 2020 15:18 Asia/Dushanbe
  • Алоқамандии Тоҷикистон барои доштани муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон

Вазири дороии Тоҷикистон гуфт ; Мақомоти кишвар хостори доштани равобити иқтисодӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон шуд.

Ба нақл аз Форс, вазири дороии Тоҷикистон ҳамчунин қарздории Душанбе ба Пекинро ғайривоқеӣ эълом кард.

Файзиддин Қаҳорзода гуфт ; мақомоти Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд аз Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳам вом дарёфт кунад.

Қаҳорзода гуфт ; мо хостори муносибатҳои хуби иқтисодӣ на танҳо бо Чин балки бо дигар кишварҳо ҳастем.

Сам Паркер муҳақиқи амрикоӣ гуфт ; Тоҷикистон қодир ба бозпардохти ба мавқеъи қарзҳои худ ба  Чин нахоҳад буд ва таҷрибаи мавҷуд дар заминаи интиқоли маъданҳои тилло ва нуқра ба тарафи чинӣ ба як амри оддӣ табдил хоҳад шуд.

Аммо Қаҳорзода муътақид аст ,ки ин коршиноси амрикоӣ ҳақ доштани назари шахсии худро дорад аммо Тоҷикистон ҳеҷ мушкиле дар пардохти қарзи худ ба Чин надорад.

Бинобар гузоришҳои ахир Вазорати дороии Тоҷикистон ,Душанбе ба Пекин як миллиарду 100 миллион доллар қарздор аст ,ки ниме аз қарзҳои хориҷии ин кишвар аст.