Феврал 15, 2020 16:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири тандурустии Тоҷикистон бо сафири Чин дар ин кишвар

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Чин дар ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба нақл аз Маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  ва Лю Бин дар ин дидор дар бораи мавзӯъҳои марбут ба тақвияти ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои беҳдоштӣ ва пизишкӣ суҳбат карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор дар бораи чигунагии ҳамкории Тоҷикистон ва Чин барои мубориза бо коронавирус баррасӣ шуд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  кишвари дӯсту бародар  хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар кишвари Чин мебошад.

Ҳамзамон, номбурда изҳори умедворӣ намуд, ки дар наздиктарин фурсат Ҷумҳурии Мардумии Чин барои аз байн бурдани  сирояти  коронавирус муваффақ хоҳад шуд.

Бар асоси эъломи Кумитаи беҳдошти Чин аз 11 феврал 1700 мавриди уфунати пизишконе, ки мустақиман бо беморон сару кор доранд сабт шудааст, ки аз ин теъдод шаш нафар фавт карданд.