Феврал 15, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Баррасии чигунагии тавсеаи равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса

Мавзӯоти тавсеаи равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса дар Душанбе баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода- вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ анҷом дод.

Дар ин ҷаласа ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои байни ду кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи фарҳангӣ сӯҳбат намуданд.

Зулфия Давлатзода дар ин дидор ҳамчунин дар мавриди сиёсати пешгирифтаи дарҳои кушоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон сӯҳбат намуд.

Ӯ афзуд, ин сиёсат имкони муносибати дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро ба роҳ мондааст.

Дар ин дидор ҷонибҳо оид ба корҳои омодагӣ ба намоиши нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж, ки баргузории он моҳи октябри соли ҷорӣ дар назар аст, сӯҳбат намуданд.