Феврал 18, 2020 12:14 Asia/Dushanbe
  • Тасҳилоти вижаи масъулони иқтисоди Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахши хусусӣ

Масъулони ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон имсол бояд тасҳилоти вижаеро барои ҳимоят аз бахши хусусӣ дар назар бигиранд.

Ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Ян-Петер Олтерс- Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ  дар Тоҷикистон  дар нишасти  Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфт, дар соли 2019 раисҷумҳур зимни чаласаи соли гузаштаи Шӯрои машваратӣ дар масъалаи бартараф кардани монеаҳои деринаи сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ дастури вижае содир кард,  ки дар соли 2020 бояд ин фармон иҷроӣ ва заминаи афзоиши сармоя дар иқтисоди ин кишвар фароҳам шавад.

Ян-Петер Олтерс гуфт, Тарҳи ислоҳи қонуни андоз дар Тоҷикистон ҳам иқдоми хубе барои беҳбуди фаолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар аст, ки сабаби коҳиши таҳқиқ ва тафаҳҳус аз марказҳои тавлидӣ ва тиҷорӣ дар Тоҷикистонро фароҳам мекунад.

Вай муътақид аст, ки мавқеи кунунии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зарурати рафъи монеаҳо ишора мекунад, ки ба соҳибкорон ҷиҳати тавсеаи тиҷорати худ ва ба сармоягузорон барои интихоби Тоҷикистон ба сифати кишвари афзалиятнок барои пешбурди тиҷорат имкон намедиҳанд.

Ӯ гуфт, фақат ин иқдом метавонад роҳи вуруди сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро ҳамвор кунад ва боиси итминони сармоягузори хориҷӣ шавад.