Тақдими эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Норвегия ба подшоҳи ин кишвар
(last modified Tue, 18 Feb 2020 07:35:14 GMT )
Феврал 18, 2020 12:35 Asia/Dushanbe
  • Тақдими эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Норвегия ба подшоҳи ин кишвар

Сафири Тоҷикистон дар Норвегия эътимодномаи худро тақдими подшоҳи ин кишвар кард.

Ба нақл аз Авесто, Қаландар Идибек  сафири Тоҷикистон дар Норвегия (бо қароргоҳ дар Венаи Австрия) эътимодномаи худро ба Ҳаралди V Шоҳи Норвегия дар Осло супорид.

Дар ин ҷаласа, ки пас аз анҷоми маросими супоридани эътимоднома сурат гирифт, сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Норвегия паёми шодбоши раиси  Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шоҳи Норвегия расонид.

Қаландар Идибек  дар ин дидор гуфт, Тоҷикистон омодаи  ҳамкории бештар  бо Норвегия аст.

Тарафайн инчунин роҷеъ ба самтҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Норвегия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.