Феврал 18, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси КМИРТ бо раиси Дафатари ҳуқуқи башари САҲА

Раиси Комиссияи интихоботии Тоҷикистон бо раиси Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дидор кард.

Ба гузориши  сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёрзода ва Пол Эберҳард дар ин дидор дар мавриди омодагии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар табодул назар карданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гузоришеро аз мароҳили сабти номи довталабон аз ду ҳавзаи воҳиди аҳзоби сиёсӣ ва ҳавзаҳои интихоботии саросарӣ, чигунагии таблиғот аз тариқи радио ва телевизион, рӯзномаҳо ба раиси Дафатри ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ироа кард. Раиси Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ дар ин дидор бо ишора ба барномаҳои Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи шаффоф бар зарурати риояти ҳуқуқи номзадҳо ва раъйдиҳандагон таъкид кард. Вай хостори фароҳам кардани шароити баробар барои таблиғоти ҳамаи довталабон шуд.

Интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон аввали моҳи март баргузор мешавад.