Феврал 19, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Баррасии равобити Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе

Вазири фарҳанги Тоҷикиистон ва сафири Русия дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Ховар, Зулфия Давлатзода ва Игор Фролов дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Русия баҳс ва табодули назар карданд.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз сафири Русия дар Душанбе дархост кардааст, ки барои афзоиши теъдоди бурсияҳои ҳукумати Маскав барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои кишвараш мусоидат кунад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, Русия дар соли таҳсилии 2020-2021 барои донишҷӯёни тоҷик 630 бурсия ихтисос додааст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон низ қаблан гуфта буд, ки ҳукумати кишвараш барои соли таҳсилии 2020-2021 наздик ба 15 000 бурсия ба манзури пазириши донишҷӯёни хориҷӣ ихтисос дродааст, ки 630 бурсия саҳми тоҷикҳо мебошад.