Феврал 21, 2020 18:38 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва муовини Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри “Миллат”-и шаҳри Душанбе бо муовини Бонки Ҷаҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сайти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Георгина Бейкер масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд ва Раҳмон бар алоқамандии кишвараш барои тавсеаи бештари равобит бо ин ниҳоди молии байналмилалӣ таъкид кард.

Ду тараф дар ин дидор дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои молӣ, тиҷорӣ, иртибот аз роҳи дур, сармоягузорӣ ва бозаргонӣ, иҷрои роҳбурди миллии тавсеаи Тоҷикистон то соли 2030 ва таъсири авомили хориҷӣ бар тавсеаи иқтисоди Тоҷикистон баҳсу табодули назар карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин бар аҳамияти тазмини тавсеаи бозорҳои молӣ, зерсохтҳои тавлиди энержӣ, саноеъ ва кишоварзӣ, сармоягузори барои тиҷоратҳои кӯчак ва миёна, бавижа дар манотиқи дур ва ҳамчунин афзоиши додани вом ба занони фаъоли иқтисодӣ таъкид шуд.

Аз соли 1997 мелодӣ муассисаи молии байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои иҷрои 40 тарҳ дар бахшҳои молӣ, энержии обӣ, майдафурӯшӣ, гардишгарӣ ва тавлидӣ 152 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

 

Барчасп