Феврал 22, 2020 12:37 Asia/Dushanbe
  • Сохти системаи  ҳушдори аввалияи резиши тарма бо талоши донишомӯзи тоҷикистонӣ

Донишомӯзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон, системаи ҳушдори аввалияи резиши тарма сохт.

Ба нақл аз Фарғона, Давлатқадамова дар синфи 10 мактабе дар минтақаи Шуғнон аст, вай тарҳи ибтикори худро бо тиме аз ҳамсинфҳояш барои ширкат дар барномаи Омӯзиши корофаринии иҷтимоӣ барои навҷавонон ( UPSHIFT ) ки бо ҳамкорӣ ва пуштибонии ЮНИСЕФ иҷро мешавад таҳия кард.

Вай гуфт, мо дар минтақаҳои кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунем ва хатари резиши тарма дар минтақа бисёр зиёд аст, ва ин масала таҳдиди бузурге барои ҷони мардум эҷод мекунад, бинобар ин ҳамроҳи ҳамсинфҳоям тасмим гирифтем роҳи ҳале барои ин мушкил пайдо кунем.

Ӯ афзуд, ин система василаи бесим аст, ки метавонад дар минтақаҳои  бо хатари бештари резиши тарма насб шавад.

Давлатқадамова афзуд, ин ихтироъ аз партави лизер,фиюз ва дуздгир ташкил шудааст ва дар сурати резиши тарма, партави лазер қатъ ва фиюз хомуш мешавад ва занги хатар шуруъ ба кор мекуна.

Ӯ гуфт, бо садои занги хатар сокинони маҳалӣ аз хатари резиши тарма огоҳ мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ аз ин система метавон барои ҳушдор аз рониши замин ва сел ҳам истифода кард.