Феврал 22, 2020 16:18 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани муҳоҷири тоҷик дар Русия ба иллати сарозер шудан аз сохтмон

Як коргари муҳоҷири тоҷик ба иллати сарозер шудан аз сохтмон дар Русия кушта шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюз, Кумитаи таҳқиқоти минтақаи Архангелнски Русия эълом кард, ин коргари тоҷики 24 сол дошта ва ба иллати сарозер шудан аз 12-умин ошиёна ва шиддати ҷароҳатҳо кушта шудааст.

Мақомоти минтақаи Архангелски Русия дар бораи иллати ин ҳодиса таҳқиқ мекунанд.

Ба ғайр аз эъломи тобеияти қурбонии ҳодиса, ҷузъиёти дигаре дар мавриди ҳувияти вай эълом нашудааст.