Феврал 22, 2020 20:21 Asia/Dushanbe
  • Лузуми эҷоди механизме барои ҷуброни баҳрамандии минтақа аз манбаъҳои обии Тоҷикистон

Муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз набуди механизме барои ҷуброни интиқоли оби Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя интиқод кард.

Ба нақл аз сайти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода- муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, дар даврони Шуравӣ кишварҳои ҳамсоя дар баробари истифода аз манбаъҳои обии Тоҷикистон, гоз, бензин ва маводи дигареро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор медоданд, аммо мутаассифона акнун чунин механизме вуҷуд надорад.

Ҷамшед Шоимзода ибрози умедворӣ кард, бо беҳтар шудани равобити Тоҷикистон бо ҳамосягон, ин созу корҳо фаол шавад ва дар ин замина ба муваффақиятҳое даст ёбем.

Беш аз 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Бино бар эъломи Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳамасола дар ин кишвар ба таври миёна 64 миллиард метри мукааб ба захираҳои обӣ изофа мешавад, ки аз ин мизон 17 дарсади он ба баҳрабардорӣ мерасад.

Темур Сирриев муовини собиқи сарвазири Қирғизистон ҳам пештар дар Конфронси байналмиллалии масоили об дар Душанбе гуфта буд, ки Бишкек ва Душанбе ба ҷуброни захираҳои обие, ки ба кишварҳои пойиндаст медиҳанд, ҳеҷ баҳрае дарёфт намекунанд.

Дар даврони иттиҳоди Шуравӣ ба дастури давлати вақти Маскав, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон, ки дорои минтақаҳои биёбонии васие буданд аз захираҳои обии минтақаӣ бештарин истифодаро мекарданд ва Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 80 дарсади захираҳои оби минтақа дар ихтиёри онҳост ба ҷуброни ин захираҳои обӣ аз ин кишварҳо кумакҳоеро дарёфт мекарданд.

 

Барчасп