Хушбиниҳо аз сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5116-Хушбиниҳо_аз_сафари_ғайримунтазираи_вазири_хориҷаи_Узбакистон_ба_Тоҷикистон
Сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон, умедҳо барои беҳтар шудани равобит миёни Душанбе ва Тошкандро дубора зинда кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 30, 2016 16:39 Asia/Dushanbe

Сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон, умедҳо барои беҳтар шудани равобит миёни Душанбе ва Тошкандро дубора зинда кардааст.

Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Узбакистон дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон эътироф кардааст, ки Узбакистон омода аст, равобити иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахши энержӣ бо Тоҷикистонро барқарор карда ва ҳаракати роҳи оҳану парвозҳо миёни ду кишварро аз сар гирифта ва мушкилоти обу энержиро бо таваҷҷуҳ ба манофеи ду кишвар ҳал кунад.

Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе гузориш медиҳад: