Феврал 25, 2020 11:52 Asia/Dushanbe
  • Мураххас шудани 236 нафари зери карантин буда дар бемористони Душанбе

236 нафари зери карантин буда дар бемористони Душанбе мураххас шуданд.

Ба нақл аз Спутник, ин ашхос пас аз 14 рӯз карантин дар бемористон ва мушоҳида нашудани нишонаҳои маризии сироятии "коронавирус" пурра мураххас шуданд.

Хуршед Ҳабибзода сардухтури бемористони Душанбе гуфт, пас аз 14 рӯз карантини ин ашхос ҳеҷ мавриди нишонаҳои маризии коронавирус мушоҳида нашуд.

Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Тоҷикистон, шаҳрвандони боқимонда пас аз гузаштани 14 рӯзи карантин дар бемористони ноҳияи Ҳисор дар ғарби шаҳри Душанбе, дар ҳолати пайдо нашудани нишонаҳои коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. Вале новобаста аз ин ҳолати онҳоро мутахассисони шуъбаҳо  назорат мебаранд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 900 нафар аз шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик ва коргарони чинӣ, ки ба Тоҷикистон бозгаштанд ба муддати ду ҳафта карантин буданд, ки теъдоди зиёде аз онон мураххас шуданд.

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, то кунун дар ин кишвар ҳеҷ мавриди ибтило ба коронавирус гузориш нашудааст.