Мураххас шудани 236 нафар аз карантини бемористони Душанбе
(last modified Wed, 26 Feb 2020 10:15:59 GMT )
Феврал 26, 2020 15:15 Asia/Dushanbe
  • Мураххас шудани 236 нафар аз карантини бемористони Душанбе

Мураххас шудани 236 нафар аз карантини бемористони Душанбе

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин афрод пас аз 14 рӯзи карантин дар бемористон ва мушоҳида нашудани аломатҳои ибтило ба коронавирус, аз бемористон мураххас шуданд.

Хуршед Ҳабибзода, мудири бемористони шаҳри Душанбе гуфт: Пас аз 14 рӯзи карантини ин афрод, ҳеҷ мавриди машкук ба вуҷуди аломатҳои ибтило ба коронавирус мушоҳида нашуд.

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон, афроде, ки аз Чин вориди Тоҷикистон мешаванд, дар бемористони ноҳияи Ҳисор дар ғарби шаҳри Душанбе барои муоина 14 рӯз карантин ва дар сурати мушоҳида нашудани аломатҳои ибтило ба коронавирус, ин афрод аз бемористон мураххас мешаванд.