Ҷамшед Ёров озод шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i5128-Ҷамшед_Ёров_озод_шуд
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Маҳмадалӣ Ҳаит озод шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 01, 2016 06:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷамшед Ёров озод шуд

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Маҳмадалӣ Ҳаит озод шуд.

Ба гузориши сойти "Азиа плюс", бастагони Ҷамшед Ёров гуфтаанд, ки ӯ рӯзи ҷумъа, 30 сентябр бар асоси Қонуни афв дар Тоҷикистон аз боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе озод шудааст.

Ҷамшед Ёров 25 августи имсол ба иттиҳоми ифшои парвандаи сиррии 13 узви аршади маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд. Пас аз интишори нусхаи аксбардоришудаи парвандаи иттиҳомоти аъзои аршади маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар сойтҳои мухолифони сиёсии ин кишвар дар хориҷ мақомоти амниятӣ Ҷамшед Ёров, вакили мудофеи Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини ба зиндони абад маҳкумшудаи раиси ин ҳизбро ба унвони омили интишори ин парвандаи сиррӣ боздошт карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки расидагӣ ба парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ду вакили мудофеи аъзои маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба поён расида, онон дар интизори эъломи ҳукми маҳкумияти худ ҳастанд.