Судури ҳукми ҷиноӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе барои гардонандагони казино
(last modified Fri, 28 Feb 2020 12:15:46 GMT )
Феврал 28, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Судури ҳукми ҷиноӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе барои гардонандагони казино

Дар додгоҳе дар шаҳри Душанбе барои гардонандагони казино ҳукм содир шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, маҳкумин худашон бо ҳукми додгоҳ мувофиқ нестанд ва қасд доранд ба ин ҳукм эътироз кунанд.

Тоҳир Мусобекзода, раиси додгоҳ гуфт, ки додгоҳ раиси ширкати “Сармоягузории Лото” ва шарикони онро ба ҳабси тӯлонимуддат маҳкум кард.

Ба гуфта вай, онҳо ба се моддаи қонуни ҷазои Тоҷикистон муттаҳам шудаанд.

Раиси додгоҳ гуфт, “Мо ҳукмро содир кардем, вале ҳанӯз ба марҳалаи иҷро нарасидааст”.

Тоҳир Мусобекзода афзуд, онҳо ба се моддаи қонуни муҷозоти Тоҷикистон: 240 (созмон ва нигаҳдории козиноҳо, мизҳои бозӣ) , 286 (гардиши ғайриқонунии арз) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам шуданд.

Маҳкумин 10 рӯз фурсат доранд, ки ҳукми додгоҳро таҷдиди назар кунанд.

Хуршед Сатторзода, раиси идораи таҳқиқот дар хусуси парвандаҳои муҳими ҷиноии додситони шаҳри Душанбе гуфт, дар бозрасӣ аз дафтари аслӣ ва шӯъбаи ширкати “Сармоягузории Лото” 1.3 миллион сомонӣ, 200 ҳазор доллар, 3 ҳазор евро ва 200ҳазор рубли русӣ ҳам кашф шуд.

Ӯ афзуд, ҳамчунин 18 дастгоҳ мошини гаронқимат мутааллиқ ба аъзои ин гурӯҳ низ мусодира шуд.

Ширкати “Сармоягузории лото” (invest lotto) дар моҳи майи 2019 сабт шуд. Ин ширкат ба номи яке аз сокинони маҳаллаи Гулистони минтақаи Рӯдакӣ, ба номи Муҳиддин Назаров аст.