Ташаккури нозирони байналмилалии кишварҳои ИДМ аз авомили иҷроии ҳавзаи интихобияи Турсунзода
Нозирони байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авомили иҷроии ҳавзаи интихобияи Турсунзода, шумораи 5 ташаккур карданд.
Ба гузориши “Ховар”, нозирони байналмилалӣ аз кишварҳои ИДМ дар робита бо интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихобияи Турсунзода боздид карданд.
Инҳо аз назму тартиби кор дар ин ҳавзаи интихобия ризоият дошта ва аз авомили иҷроии он ташаккур карданд.
Ҳотам Назарзода, раиси ҳавзаи интихобияи Турсунзода - 5 гузорише дар мавриди фаъолияти ҳавзаҳои интихобия ва ҳавзаҳои раъйгирӣ дар Турсунзода ба нозирон ироа дод.
Ӯ гуфт, дар ин ҳавзаи интихобия 64 шӯъбаи раъйгирӣ пешбинӣ шудааст ва теъдоди раъйдиҳандагони ин минтақа ҳудуди 135 ҳазору 431 нафар аст.
Нозирони байналмилалӣ дар ин боздид зимни ошноӣ бо шароит ва фурсатҳои мавҷуд дар ҳавзаҳои раъйдиҳии ҳавзаи интихобия барои интихоби намояндагони маҷлиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фаъолиятҳои ҳавзаҳои интихобияи ин минтақа, аз ҷумла системи аснод, сабти ном аз номзадҳо, гирдоварии листи раъйдиҳандагон ва сойири корҳои муқаддамотӣ барои интихоби маҷмаи ҷадиди Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуданд.