Коҳиши интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо тилифони ҳамроҳ ва интернет
Коршиносони маркази таҳлилии Яндекспул дар Русия эълом карданд, ки интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба василаи тилифони ҳамроҳ ва интернет дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.
Ба нақл аз Спутник, бо вуҷуди интиқоли 2 миллиарду 700 миллион доллар аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2019 мизони ирсоли ин манбаъҳои молӣ бо тилифони ҳамроҳ ва интернет дар муқоиса бо солҳои пеш коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2019 коргарони муҳоҷири украинӣ, беларусӣ ва қазоқистонӣ ба тартиб беш аз ҳама бо истифода аз тилифони ҳамроҳ ва интернет даромадҳояшонро ба кишварашон ирсол кардаанд.
Иллати коҳиши истифода аз тилифони ҳамроҳ ва интернет барои интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон эълом нашудааст.
Бо ин ҳол иқтисоддонони тоҷик муътақиданд, ки иҷроии муқаррароти нави ирсоли пул, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар охирҳои ин сол иҷроӣ кард иллати ин мавзӯъ будааст.
Бар асоси ин муқаррарот танҳо он даста аз бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Русия аз ҳаққи ирсоли даромади молии коргарони тоҷик бархурдор мешаванд, ки бо Бонки миллии Тоҷикистон қарордоди ҳамкорӣ имзо ва маблағеро ба ин бонк пардохт кунанд.