Март 03, 2020 19:46 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди СҲШ аз интихоботи Тоҷикистон

Нозирони Созмони Ҳамкории Шанхай интихоботи парлумонии Тоҷикистонро шаффофу демократӣ тавсиф ва аз он тамҷид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Нурлан Аккошкаров, муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, интихобот дар Тоҷикистон ба гоми муҳиме дар тавсеаи демократияи ин кишвар табдил шудааст. Ӯ афзуд, шароити эҷодшуда дар Тоҷикистон барои раъйдиҳандагон, номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ва нозирони байналмилалӣ ҳокӣ аз он аст, ки раҳбарони ин кишвар барои тазмини ҳадди аксари шаффофият дар интихоботи демократӣ талош карданд ва ин интихобот дорои шароити матлуби байналмилалӣ буд.

Ин изҳороти мақоми Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бисёре аз нозирони сиёсӣ муътақиданд, интихобот дар Тоҷикистон аз рақобатпазирии лозим, озодӣ, шаффофият ва стандартҳои байналмилалӣ бархурдор нест.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи ин ҳафта баргузор шуд. Дар ин интихобот ҳафт ҳизби сиёсӣ шомили Ҳизби халқии демократии ҳоким, ҳизбҳои кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, демократӣ, сотсиал-демократӣ, сотсиалистӣ ва коммунистӣ рақобат карданд.

 

Барчасп