Боздошти дубораи мудири як ширкати корёбӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи инсон
(last modified Wed, 04 Mar 2020 05:29:13 GMT )
Март 04, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти дубораи мудири як ширкати корёбӣ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи инсон

Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 67-солаи шаҳри Душанбе ба иттиҳоми қочоқи инсон хабар доданд, ки мӯҷиби ба бардагӣ фиристодани як зани 43-солаи тоҷик ба Арабистони Саудӣ шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Нусратулло Муҳаммадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, мудири ширкати корёбии мавсум ба "Имкон", бо ваъдаи шуғи пурдаромад ин занро ба Арабистони Саудӣ бурда, аммо таи 6 моҳ ҳуқуқе ба вай пардохт нашуда ва аз ӯ ба унвони барда истифода шудааст.

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки мудири ширкати ёдшуда, дар соли 2017 низ дар паи шикояти чанд зани тоҷик ба иттиҳоми қочоқи инсон, дар Арабистони Саудӣ боздошт шуда буд, ки баъдан озод шуд.

Дар соли 2017 бо талоши сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Риёз, 28 зан ва 7 марди тоҷик аз бардагӣ дар Арабистони Саудӣ раҳоӣ ёфта ва ба кишвари худ баргардонда шуданд.