Март 04, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Лағви мамнӯияти сафари атбои 35 кишвар ба Тоҷикистон

Агентии ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон як рӯз пас аз судури фармони мамнӯияти сафари атбои 35 кишвари хориҷӣ ба Тоҷикистон, ин дастурро лағв кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, дар паи хурӯҷи бемории коронавирус, Агентии ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, ки аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва дохилӣ хоста буд, аз фурӯши билет ба атбои 35 кишвар худдорӣ кунанд, ин дастурро пас аз як рӯз лағв кард.

Азиз Набизода, муовини раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон гуфт, ки коршиносон ташхис доданд, ки ба ҷуз панҷ кишвар, дар дигар манотиқи ҷаҳон хурӯҷи бемории коронавирус густурда нест ва зарурате барои мамнӯияти вуруди атбои онҳо ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи Набизода, ин мамнӯият фақат барои атбои Италия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон ва Афғонистон ба сурати муваққат иҷро хоҳад шуд.

 

Барчасп