Таъсири бемории коронавирус бар иқтисоди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51471-Таъсири_бемории_коронавирус_бар_иқтисоди_Тоҷикистон
Сохторҳои ҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоли баррасии вазъияти муртабит бо таъсири бемории коронавирус бар иқтисоди ҷаҳонӣ ва паёмадҳои эҳтимолии он барои иқтисоди Тоҷикистон ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 04, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
  • Таъсири бемории коронавирус бар иқтисоди Тоҷикистон

Сохторҳои ҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоли баррасии вазъияти муртабит бо таъсири бемории коронавирус бар иқтисоди ҷаҳонӣ ва паёмадҳои эҳтимолии он барои иқтисоди Тоҷикистон ҳастанд.

Ба нақл аз Авеста, дар ростои мавзӯи хурӯҷи вируси корона? гузинаҳои мухталифе барои ба ҳадди ақал расондани таъсири манфии эҳтимолии тазъифи иқтисоди ҷаҳонӣ бар иқтисоди Тоҷикистон дар назар гирифта шуда ва мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ибтидо мавзӯъҳои марбут ба итминон аз рушди тавлиди  нохолиси дохилӣ ва самти даромади буҷаи давлат, мутобиқ бо пешбиниҳои тасвибёфта мавриди баҳс қарор мегирад.

Барои соли ҷорӣ рушди тавлиди нохолиси дохилӣ дар сатҳи 7,8 дарсад дар миқдори 87,4 миллиард сомонӣ ( 9 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.